Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар нахуст бинои иловагии таълимӣ, табобатӣ ва хобгоҳи донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббию иҷтимоии шаҳри Бохтар”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави муассиса бо дарназардошти талаботи муосир бунёд гардида, дар он барои илмомӯзиву истиқомати донишҷӯён ва табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат буда, дохили иншоот ва намои берунаи он бо санъати баланди меъморӣ оро ёфтааст. Аз ҷумла, дар иншооти мазкур 25 синфхонаи таълимӣ бо 400 ҷойи нишаст ташкил гардида, синфхонаҳо бо асбобу аёнияти замонавии таълимӣ муҷаҳҳаз шудааст.
Дар бино кафедраҳои фармасевтӣ ва ҳамширагӣ ҷойгир буда, ҳамчунин 9 толори алоҳидаи лексионӣ дар дохили он ҷой дода шудаанд, ки бо истифода аз чунин имконоти мусоид минбаъд сатҳу сифати таълим дар коллеҷ боз ҳам баландтар бардошта мешавад.
Зимни боздид ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои иловагӣ 2 синфхонаи технологияи иттилоотӣ бунёд ёфтааст, ки дар онҳо 50 компютери замонавии пайваст бо хати интернет насб гардидааст. Ҳамин гуна шумораи компютерҳо дар маҷмуъ дар муассиса ба бештар аз 120 адад расонида шуд, ки ба ин васила фарогирии донишҷӯён ба омӯзиши технологияи муосир ба талаботи замон мутобиқ гардид. Синфхонаҳо бо тахтаҳои электрониву дигар аёнияти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Дар бинои иловагии муассиса ҳамчунин китобхона бо толори алоҳидаи хониш, ки 50 ҷойи нишаст дорад, ташкил гардида, дар он барои донишҷӯён китобҳои соҳавию бадеӣ дастрас мебошад. Китобхонаи электронии коллеҷ ба хати баландсуръати интернет пайваст буда, донишҷӯён барои такмил додани дониши худ аз он истифода хоҳанд бурд.
Иншооти нав инчунин дорои хобгоҳи донишҷӯён буда, барои зисту зиндагонии онҳо дар ин ҷо шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, хобгоҳ дорои рахтҳои бароҳати хоб, ҷевони зебову замонавӣ ва дигар имконият буда, дар чунин шароит донишҷӯён метавонанд ҳам истироҳат намоянд ва ҳам дарс тайёр кунанд.
Хобгоҳ барои 308 нафар пешбинӣ гардида, дар ин ҷо донишҷӯёни ноҳияҳои дурдаст истиқомат менамояд. Бояд зикр кард, ки айни замон дар Коллеҷи тиббию иҷтимоии шаҳри Бохтар аз аксари шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷавонон ба касбомӯзӣ машғул мебошанд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои нав масъулин беморхонаи назди коллеҷро таъсис доданд, ки он бо дастгоҳҳои соҳавӣ таъмин карда шудааст. Аз ҷумла, беморхона дорои кардиомонитор, дастгоҳҳои нафасдиҳии сунъӣ ва рахтҳои хоби мутобиқ ба талаботи махсуси соҳавӣ буда, дигар иншооти ёрирасон низ дар дохили он ташкил гардидаанд.
Зимни боздид иброз гардид, ки беморхона дорои 24 кати хоб буда, табобати беморон дар ин ҷо бо ҷалби мутахассисони баландтаҷриба амалӣ карда мешавад.
Бояд гуфт, ки ташкили беморхона дар назди коллеҷ минбаъд барои омода кардани мутахассисони баландтаҷрибаву кордон мусоидати амиқ хоҳад кард, зеро донишҷӯён дар баробари дарсҳои назариявӣ метавонанд дар ин беморхона машғулияти амалӣ гузаронида, дар рафти муолиҷаи шахсони бемор бо роҳбарии табибони соҳибтахассус бевосита иштирок намоянд.
Дар беморхона бистарикунӣ ва табобати бемориҳои гуногун мутобиқ ба талаботи соҳаи тандурустӣ амалӣ карда мешавад. Ҳамчунин иншооти нав дорои гӯшаи гиёҳдармонӣ буда, ба беморон доруҳое, ки аз гиёҳҳои шифобахш омода гардидаанд, пешниҳод карда мешаванд.
Дар назди коллеҷ бинои алоҳидаи ошхона бунёд гардида, ба донишҷӯёну кормандони муассиса ва нафарони табобатгиранда хӯрокҳои лазиз манзур мегарданд. Ошхона имконият дорад, ки дар як вақт ба 150 нафар хизмат расонад ва дар таҳхонаи он толори варзишӣ ҷой дода шудааст.
Саҳни муассиса бо гулҳои зебо ва дарахтони сояафкан зинат дода шуда, дар ҳудуди он барои истироҳати донишҷӯён нишастгоҳҳо насб гардидаанд. Тадбирҳои чароғонкунии муассиса низ дар доираи талаботи меъёриву шаҳрсозӣ анҷом ёфта, дар маҷмуъ дар бинои нав шароити зарурӣ фароҳам мебошад.
Бояд зикр кард, ки Коллеҷи тиббию иҷтимоии шаҳри Бохтар самараи даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, дар айни замон дар он 1696 нафар донишҷӯ аз гӯшаву канори мамлакат таҳсил менамоянд. Дар муассиса аз рӯйи ихтисосҳои кори табобатӣ, кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ ва кори фармасевтӣ мутахассис омода карда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ба сифати корҳои анҷомёфта ва ташкили беморхона дар назди коллеҷ баҳои баланд дода, масъулинро вазифадор намуданд, ки имконоти фароҳамшударо барои омодасозии мутахассиони соҳибмалакаи бахши тиб ҳамаҷониба истифода баранд. Аснои гузаронидани машғулият усулҳои муосири таълимӣ ва аёнияти дарсиро ба таври васеъ истифода бурда, рафти касбомӯзиро мутобиқи талаботу меъёрҳои муайянгардидаи соҳа амалӣ созанд.