8 январ дар шаҳри Теҳрон дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф мулоқот намуданд.
Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба Ҷумҳурии Исломии Эрон самимона хайрамақдам гуфт.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва пазироии самимӣ изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар ҷараёни мулоқот ва музокироти ҳайатҳо доираи васеи масъалаҳои муҳимму афзалиятноки равобит ва ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки муколамаи сиёсии сатҳи олии Тоҷикистон ва Эрон дар таҳкими пайгиронаи муносибатҳо ва густариши ҳамкории гуногунҷанба нақши созанда дорад.
Ҷонибҳо нақш ва аҳаммияти парламентҳоро дар низоми муносибатҳои байнидавлатӣ бисёр муҳим ва калидӣ арзёбӣ намуда, ҷиҳати густариши робитаҳои байниҳамдигарӣ ҳавасмандӣ баён доштанд.
Бояд гуфт, ки имрӯз ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ва дигар робитаҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро 200 санади ҳамкорӣ ба танзим медароранд.