Имрӯз, 3 октябр дар Амфитеатри Қасри Арбоб маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.
2200 нафар ҷавонон аз вилояти Суғд бо риояи анъанаҳои неки миллӣ ва гирифтани дуои падару модарон ва мӯйсафедони нуронии диёр барои адои қарзи фарзандиву шаҳрвандӣ дар макони баргузории ҳамоиши идона ҷамъ шуданд.
Дар ҳамоиши мутантану идона Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ карда, ба падару модароне, ки чунин ҷавонони далеру ҷасурро тарбия кардаанд, изҳори сипос намуд.
Дар нахустин рӯзи даъвати тирамоҳӣ ноҳияи Шаҳристон, ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ, Анзоб, Шамтучи ноҳияи Айнӣ, Ориён, Ошобаи ноҳияи Ашт, Ғончӣ, Яхтани ноҳияи Деваштич, Адрасмон, Сирдарё, Навгарзани шаҳри Гулистон, Зарҳалол, Сабристон, Ниҷонии шаҳри Истаравшан, Ворух, Лаккон, Чоркӯҳ, Шӯроби шаҳри Исфара, Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Навбаҳори ноҳияи Мастчоҳ, Амондара, Саразм, Шинги шаҳри Панҷакент, Сарбанд, Хуррамзамини ноҳияи Спитамен, Ҳаёти нав, Гулхона, Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.
Сипас, маросими нонгазон сурат гирифта, барои даъватшавандагон дастархони идона ороста шуд. Ҷавонон пас аз тановули хӯроки нисфирӯзӣ ба хизмати ҳарбӣ фиристода шуданд.
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиш дар вилояти Хатлон ҳамагӣ дар ду рӯз иҷро шуд.
Нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи артиш дар вилояти Хатлон ҳамагӣ дар ду рӯз иҷро шуд.
ВМКБ аз аввалинҳо шуда, дар рӯзи якум сафарбаркунии ҷавонписаронро ба хизмати ҳарби сад фоиз иҷро намуд. Хадамоти матбуоти раиси Вилояти Хатлон 2 октябр хабар дод, ки нақшаи даъват 100% иҷро шуд.
1 октябр даъвату гусели шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 27-уми августи соли 2024 таҳти №856 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ташкилу ба роҳ монда шудааст.

Ҳамасола дар Тоҷикистон мардони аз 18 то 27-сола дар ду мавсим, аз ҷумла дар давоми моҳҳои апрел-май ва октябр-ноябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.