ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди
генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Саидзода Б.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Саидзода Бобоҷон Абдуқодир муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
23 январи соли 2025
№927
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
таъин намудани Собирзода Э.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
23 январи соли 2025
№926
СОБИРЗОДА Эмомалӣ Абдураҳим
аз 24 ноябри соли 2015 дар вазифаи Муовини якуми Вазири мудофиа- сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи
Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд 20 июли соли 1972 Ҷои таваллуд Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат тоҷик Маълумот олӣ
соли 1993 Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон,
соли 2001 Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россияро хатм кардааст
Ихтисос идоракунии ҳарбӣ ва маъмурӣ
Рутба соли 2012 Генерал-майор, соли 2018 генерал-лейтенант
Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ бо луғат
Вакили халқ ҳаст ё не не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не — соли 2003 медали «Ҷасорат», соли 2009 ордени «Спитамен дараҷаи 2»
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1987-1990 | Донишҷӯи Омӯзишгоҳи миёнаи касбӣ-техникии №70, шаҳри Можайский Федератсияи Россия |
Солҳои 1990-1991 | Чопкунандаи матбаъи №1, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1991-1992 | Муовини командири взводи қисми ҳарбии 21742 шаҳри Ҷамбули ҶҚ |
01-10 соли 1993 | Курсанти Коллеҷи олии ҳарбии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 1993-1994 | Командири взводи таълимии Бригадаи 4-уми таълимии тирандозии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 1994-1994 | Командири ротаи тирандози Бригадаи 4-уми таълимии тирандозии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 1994-1996 | Сардори ситод-муовини командири Баталёни таълимии тирандозии Бригадаи 4-уми таълимии тирандозии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 1996-1997 | Командири Баталёни таълимии танкии Бригадаи 4-уми таълимии тирандозии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 1997-1999 | Ҷонишини сардори маркази таълимӣ оид ба аслиҳа-сардори қисми техникии Маркази 4-уми таълимии Қӯшунҳои хушкигард |
Солҳои 1999-2001 | Шунавандаи Академияи умумиқӯшунии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия
|
08-11 соли 2001 |
Сардори хадамоти бронитанкии шӯъбаи аслиҳа ва техникаи Раёсати Қӯшунҳои хушкигард, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2001-2002 | Ҷонишини Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард оид ба аслиҳа ва техника-сардори шӯъбаи аслиҳа ва техникаи Раёсати Қӯшунҳои хушкигард, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2002-2004 | Сардори ситод-муовини аввали Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард, |
Солҳои 2004-2007 | Командири Бригадаи 1-уми тирандозии Қӯшунҳои хушкигард, |
Солҳои 2007-2010 | Сардори ситод-муовини аввали Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Солҳои 2010-2015 | Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
аз ноябри соли 2015 то имрӯз | Муовини якуми Вазири мудофиа- сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
ФАРМОНИ ПРЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Шералӣ Мирзо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Шералӣ Мирзо бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
2. Фармони мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
23 январи соли 2025
№924
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди
генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Собирзода Э.А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Собирзода Эмомалӣ Абдураҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини якуми вазири мудофиа – сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон