

Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки давоми 30 соли ҳамкорӣ бо ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон барномаҳои афзалиятнок дар соҳаҳои ҳифзи саломатии модару кӯдак, таҳсилоти босифат, солимии ҷавонон, ислоҳоти сиёсати иҷтимоӣ ва ҳифзи кӯдак амалӣ гардид.
Мукаммал кардани муҳити омӯзиш, такмили сифати таълими кӯдакони хурдсол ва синни томактабӣ аз масоили муҳими ҳамкории оянда, аз ҷумла тавассути рушди рақамикунонии раванди таълим, дониста шуд.
Директори иҷроияи ЮНИСЕФ талошҳои пайвастаи Пешвои миллатро ҷиҳати фаро гирифтани кӯдакон бо таҳсилоти томактабӣ, ҷалби духтарон ба раванди таълиму тарбия ва умуман рушди соҳаи маориф дар кишвар баҳои баланд доданд.