
16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат Раиси Жогорку Кенеши (Парлумони) Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Шакиевро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судманд, аз ҷумла робитаҳои байнипарлумонӣ баррасӣ шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “Тоҷикистон ба рушди ҳамкории гуногунҷанба бо ҳамсояи наздикаш — Қирғизистон аҳамияти хоса медиҳад”.
Дар ин зимн таъкид гардид, ки дипломатияи парлумонӣ метавонад дар пешрафти ин раванд нақши муҳим бозад.
Ба фаъолияти гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ, табодули таҷриба ва дастгирии ҳамдигар дар арсаи байналмилалӣ ба воситаи парламентҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратӣ, иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, бахши агросаноатӣ, инчунин обию энергетикӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ ҳам аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.
Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба тақвияти ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби сохторҳои бисёрҷониба, бахусус, Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, сурат гирифт.