
Имрӯз бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар шаҳри Душанбе Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони умумичаҳонии сайёҳӣ «Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ»-ро доир намуд.
Баргузории нахустин Форум бо ҳузури намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти гардишгарии кишварҳои шарик, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, истироҳатгоҳҳо ва коршиносони дохилию байналмилалӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе дар муаррифии имконоту захираҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамчун кишвари бахши сайёҳаташ дар ҳоли рушд, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди инфрасохтори сайёҳии мамлакат нақши муассир мегузорад.
Дар ин форум зиёда аз 60 нафар намояндагон аз 22 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода меҳмонон-иштирокдорони Форуми байналмилалии сайёҳиро ба сарзамини Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки «сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти ҳар як давлат маҳсуб ёфта, муаррифи таъриху тамаддун, анъанаҳои миллӣ, захираҳои табий ва олами набототу ҳайвонот мебошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки сайёҳӣ дар тӯли даҳсолаҳо новобаста ба буҳронҳои иқтисодию молиявӣ, таҳаввулоти сиёсӣ ва тағйироти иҷтимой бо суръати устувор рушд намуда истодааст».
Муовини якуми Сарвазири мамлакат зикр намуд, ки дар иртибот бо ироа намудани имтиёзҳои андозию гумруки ва субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ алхол дар мамлакат бунёду тачдиди иншооти гуногуни сайёхӣ ва дигар инфрасохтори соха босуръат идома дорад, кива фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ дар мамлакат ва дар ин замина баланд бардоштани сатки некуахволи мардуми кишвар ва ҷалби хориҷӣ ба мамлакат мусоидат менамояд.
Дар маросими ифтитоҳии нахустин Форуми байналмилалии сайёҳӣ ҳамчунин раиси Кумитаи рушди сайёхӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода, хонум Симонида Кордич, вазири сайёҳии Черногория-Раиси Комиссияи Туризми СММ оид ба Аврупо, хонум Кавилмадам Рамасвами Парвати — резиденти СММ, Ҳамоҳангсоз дар Тоҷикистон ва хонум Кордула Вулмутер — Директори Аврупо оид ба туризми СММ суханронӣ карданд.
Натиҷаҳо нишон доданд, ки ин гуна форумҳо табодули таҷрибаро дар бахши сайёҳӣ бештар намуда, ҳамзамон имкониятҳои сармоягузориро муаррифӣ месозанд, доираи ҳамкориро бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои марбутаи байналмилалӣ тавсеа мебахшанд.