
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати мо Президенти Русия муҳтарам Владимир Путинро ба муносибати Зодрӯзашон сидқан табрик намуда, таманниёти беҳтарину самимии худро иброз доштанд.
Дар идомаи суҳбат Сарвари давлати мо саҳми шоёни назари муҳтарам Владимир Путинро дар таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии ду кишвар таъкид карданд.
Сарони ду кишвар дар ҷараёни суҳбати дӯстона аз идомаи муколамаи байнидавлатӣ ва рушди минбаъдаи ин раванд истиқбол намуданд.
Ҳамзамон, рӯзномаи мулоқотҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи дарпешистодаи сатҳи олӣ, ки дар Душанбе доир мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.