Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар баробари анҷом додани рисолати асосии худ яъне омода кардани омӯзгорони забондон ва тарҷумонҳои моҳир ба тарҷумаи осори гаронарзиш низ пардохтаанд.
Шуруъ аз соли 2022 ба тарҷума ва нашри китоби мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Забони миллат” шуруъ намуданд, тарҷумаи ҷилди аввали китоби бо забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ моҳи сентябри соли 2022 ҳангоми ташрифи Роҳбари давлат ба Донишгоҳ ва ифтитоҳи бинои нави таълимӣ нашр ва муаррифӣ гардид.
Тарҷумаи ҷилди дуюми китоб бо забонҳои русӣ,англисӣ ва чинӣ соли 2023 ба анҷом расид, ки дар Рӯзи забони давлатӣ рӯйнамоӣ шуд.
Омӯзгорон аз тарҷума ва нашри китоб бо се забони тадрисшавандаи Донишгоҳ илҳом гирифта бо рӯҳияи баланд ва ифтихори миллӣ тарҷумаи ҷилви аввали китоби “Забони миллат-ҳастии миллат”- ро бо 4 забони дигар: забонҳои куриёӣ,ҳиндӣ,фаронсавӣ ва арабӣ пардохтанд ва дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ дар ҳузури меҳмонони дохилӣ ва хориҷӣ рӯйнамоиӣ шуд.
Дар маҷмуъ то имрӯз ин китоби мондагор, ки ҳамчун шаҳодатномаи миллат дониста мешавад бо 7 забони тӣадрисшавандаи донишго тарҷум ва нашр гардид.
Ба ин кори масъулиятнок омӯзгорони Донишгоҳ бо ифтихору ғурур пардохтанд. Дар назар аст, ки ҳар ду ҷили китоб бо 13 забони тадрисшавандаи Донишгоҳ тарҷум ва нашр гардад.



