ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи озод намудани судяҳо
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
1. Ҳусейнзода Фирдавс Латифӣ аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд,
Самандари Қаландар аз вазифаи судяи суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон,
Давлатзода Нозим Исрам аз вазифаи судяи суди ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шаванд.
2. Шарифзода Манижа Мурод бо хоҳиши худаш аз вазифаи судяи суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд озод карда шавад.
3. Табарзода Қамариддин Мумин аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон,
Шоҳиён Муҳаммадсаид Алимардон аз вазифаи судяи суди шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан озод карда шаванд.
4. Шарифзода Бадриддин Нуриддин бинобар вафоташ аз вазифаи судяи суди вилояти Суғд озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
17 декабри соли 2025
№1101



