Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз то 7 тонна маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳандаҳо саҳми корхонаро дар ғанӣ гардондани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти он аз хориҷи кишвар боз ҳам назаррас мегардонанд.
Дар корхона 77 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ, шароити мусоиди меҳнат ва музди хуб таъмин гардидаанд. Тибқи дурнамо, бо васеъ гардидани иқтидори истеҳсолӣ шумораи кормандон то 280 кас расонида шуда, пас аз қонеъ гардондани талаботи бозори дохилӣ содироти маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ низ ба роҳ монда мешавад. Ин иқдом ба афзоиши иқтидори содиротии кишвар ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар бозорҳои минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.
Иншоот аз бинои маъмурӣ, сехҳои истеҳсолӣ, нуқтаи қабули гӯшти чорво ва паранда, сардхонаҳои нигоҳдории ашёи хом, анбори маҳсулоти тайёр, ошхона, таваққуфгоҳ барои нақлиёти хизматӣ, бунгоҳи тиббӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Фаъолияти корхонаи маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои ҶДММ Покиза М ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоии хушсифату бехатар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди саноати коркард ва суръат бахшидан ба раванди саноатикунонии кишвар мутобиқат мекунад.
Ҳамчунин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти корхона дидан намуда, бо шароит, имконот ва ҷараёни коркарди маҳсулот фосилавӣ шинос шуданд ва ба масъулон ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти корхона дастуру тавсияҳо доданд.
Пас аз ба истифода додани ин корхонаи саноатӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ҷо се корхонаи парандапарвариро дар ноҳияҳои Шаҳринаву Файзобод ва шаҳри Турсунзода ба таври фосилавӣ ба истифода доданд.
Корхонаи парандапарварӣ дар шаҳри Турсунзода бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ бунёд гардидааст. Дар корхонаи мазкур чор коргоҳи парвариш барои мурғи гӯштӣ бо иқтидори умумии 160 ҳазор сар чӯҷа омода буда, коргоҳҳои иловагӣ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд. Ҳоло дар чор коргоҳи омодашуда зиёда аз 20 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардида, 40 ҳазор сар чӯҷа барои истеҳсоли гӯшти мурғ парвариш меёбанд.
Корхонаи парандапарварӣ дар деҳаи Ҳаёти Нави ноҳияи Шаҳринав аз чор коргоҳи истеҳсолӣ иборат буда, иқтидори истеҳсолии солонаи он то 1 миллиону 170 ҳазор сар мурғро дар бар мегирад.
Корхонаи парандапарварӣ дар ноҳияи Файзобод барои парвариши то 540 ҳазор сар мурғ дар як сол пешбинӣ шуда, самти асосии фаъолияти он истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ мебошад. Баробари ба истифода додани ин корхона 15 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.
Ба истифода додани чунин корхонаҳои истеҳсолӣ натиҷаи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи роҳбарияти олии кишвар буда, заминаи устувор барои рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини ояндаи устувори Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар тӯли 22 соли фаъолияти корхонаи мазкур беш аз 10 ҳазор ҷойи корӣ муҳайё гардида, ин иқдом ба беҳтар гардидани зиндагии арзандаи сокинон мусоидат намудааст.



