Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ намуданд. Дар ин замина ҷараёни мусбати рушди муносибатҳои ду кишвар таъкид гардид. Ҳамчунин, ба аҳаммияти идомаи татбиқи фаъолонаи мувофиқаҳои байнидавлатии қаблан ҳосилшуда таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар идомаи суҳбат сарони ду давлат ҷадвали мулоқотҳои сатҳи олии дарпешистодаро дар қолабҳои бисёрҷониба баррасӣ карда, аз ҷумла масоили омодагӣ ба ҳамоиши ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхайро, ки 31 август – 1 сентябри соли равон дар шаҳри Бишкек баргузор мегардад, муҳокима намуданд.
Президентҳо, ҳамчунин, оид ба маъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд



