Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Нахуст, мехоҳам ба Президенти муҳтарам, ҷаноби УХНААГИЙН ХУРЭЛСУХ, Ҳукумат ва мардуми Муғулистон барои ҳусни таваҷҷуҳ ва меҳмоннавозӣ бори дигар сипоси хешро иброз намоям.
Мо ба рушду таҳкими пайвастаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Муғулистони дӯст дар ҳама арсаҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб аҳаммияти хос медиҳем.
Мулоқоту музокироти имрӯзаамонро идомаи мантиқии муколамаи байнидавлатӣ миёни ду кишвар арзёбӣ мекунем.
Тамосҳои мунтазами сатҳи олӣ ва баландро омили муҳими ташаккули шароити муносиб барои боз ҳам васеъ гардонидани рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳоямон медонем.
Дар ин қарина аз такмили заминаи ҳуқуқии робитаҳои ду кишвар бо бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди назари тарафҳо истиқбол менамоем.
Дар фарҷоми музокирот як қатор санадҳои нав ба имзо расиданд, ки пояҳои қарордодиву шартномавии ҳамкориҳои моро тақвият мебахшанд.
Дар рафти музокирот, инчунин, баррасии роҳу воситаҳои нави тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар маркази диққати мо қарор доштанд.
Соҳаҳои саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хурокворӣ, энергетика, сохтмон, кишоварзӣ, аз ҷумла бахши чорводорӣ ва чанде аз бахшҳои дигари воқеии иқтисод ба ҳайси самтҳои ояндадор муқаррар карда шуданд.
Вобаста ба ин, мо имкониятҳои татбиқи муштараки лоиҳаҳои сармоягузориро дар ин ва дигар соҳаҳои иқтисод ба баррасӣ гирифтем.
Ҳамзамон бо ин, зарурати зиёд кардани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ва тавсеаи сохтори мубодилаи мол таъкид гардид.
Мо баргузории Ҳамоиши дуюми доираҳои соҳибкории ду кишварро дар ҳошияи сафари давлатии инҷониб иқдоми муҳим дар ин ҷода мешуморем.
Бар он назарем, ки натиҷаҳои ин ҳамоиш ва ҷаласаи аввали Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба фаъол шудани тиҷорати дуҷониба мусоидат хоҳанд кард.
Ҷониби Тоҷикистон омодагии хешро барои роҳандозии тадбирҳои мушаххас дар ҳама самтҳои зикргардида иброз намуд.
Мо рушди минбаъдаи робитаҳои фарҳангиву гуманитариро ҳамчун омили муҳими таҳкими заминаҳои дӯстии байни мардумони Тоҷикистон ва Муғулистон арзёбӣ намудем.
Вобаста ба ин, ҳавасмандии худро ба тавсеаи муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, ҷавонон, саёҳӣ, варзиш ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ изҳор кардем.
Аз баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Муғулистон истиқбол намудем.
Мо ҷонибдори баргузории мунтазами чунин табодулҳои фарҳангиву гуманитарӣ ҳастем.
Дар ҷараёни музокирот оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Мо алоқамандии худро ба идомаи шарикии созандаи ду кишвар бо мақсади пайдо намудани роҳҳои воқеии ҳаллу фасли мушкилоти минтақавию байналмилалии мавҷуда изҳор кардем.
Масъалаҳои таъмини сулҳу субот, амният ва рушди устувор аз ҷумлаи он мавзӯъҳое буданд, ки ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Тоҷикистон ҳамчун кишвари сулҳпарвар ҳамеша ҷонибдори сулҳу суботи пойдор, ризоият ва ҳамдигарфаҳмии кишварҳо мебошад.
Чанде пеш бо ташаббуси Тоҷикистон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” қатъномаи дахлдор қабул кард.
Вобаста ба ин, ба кишвари дӯсти Муғулистон, ки дар баробари дигар шарикони байналмилалии мо аз ташаббуси нави Тоҷикистон дастгирӣ кард, сипоси худро иброз менамоям.
Масъалаҳои захираҳои об ва иқлим, аз ҷумла тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба пайомадҳои он, ҳамчунин, дар маркази диққати мо қарор доштанд.
Тоҷикистон аз баргузории иҷлоси 17-уми Конфронси Тарафҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди биёбоншавӣ (COP-17), ки моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Улан-Батор баргузор мегардад, истиқбол менамояд.
Мо чорабинии мазкурро ҳамчун иқдоми муҳим дар роҳи таҳкими ҳамкории ҷаҳонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист арзёбӣ мекунем.
Талошҳои пайвастаи Муғулистонро дар ин соҳа қадр мекунем.
Дар ин ҷода омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳо бо кишвари дӯст дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим иброз медорем.
Мо аз музокироти имрӯза, ки дар фазои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигарӣ доир гардиданд, қаноатмандем.
Бовар дорем, ки натиҷаҳои ин музокирот ба таҳкиму густариши минбаъдаи робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди байни кишварҳоямон мусоидат хоҳанд кард.
Дар фарҷом ба Муғулистони дӯст пешрафту шукуфоии бардавом, ба мардуми он сулҳу субот ва саодатмандии рӯзафзун орзу менамоям.
Ташаккур.



