Иншооти нави таълимӣ бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсил бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд ёфтааст.
Зимни шиносоӣ бо шароити иншооти нав ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳангоми тарҳрезӣ ва сохтмони бино ба сифати корҳо, риояи меъёрҳои муосир ва истифодаи масолеҳи сохтмонии истеҳсоли ватанӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст.
Сохтмони ин муассисаи муосири таълимӣ аз моҳи сентябри соли 2024 оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо риояи талаботи меъёрҳои муосир анҷом дода шудааст. Дар раванди бунёди иншоот 150 сокини маҳаллӣ бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.
Муассиса аз 20 синфхонаи таълимӣ, 10 утоқи корӣ, китобхонаи электронӣ ва як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Дар синфхонаҳои муассиса барои омӯзиши фанҳои гуногун, аз ҷумла математика, физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ ва забонҳои хориҷӣ, заминаи зарурии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Ҳар як кабинети фаннӣ бо назардошти хусусияти таълимӣ ва талаботи барномаи таълимӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар муассисаи таълимӣ ҳоло 40 омӯзгор, ки 95 фоизи онҳоро бонувон ташкил медиҳанд, ба фаъолияти касбӣ машғул буда, дар тарбияи насли донишманду ватандӯст ва худогоҳу хештаншинос нақши муассир мебозанд.
Муассиса, ҳамчунин дорои ошхона бо 90 ҷойи нишаст, толори варзишӣ ва толори маҷлис бо 170 курсӣ мебошад.
Толори варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории машғулиятҳои гуногуни солимгардонӣ пешбинӣ шуда, ба хонандагон имконият медиҳад, ки дар шароити муносиб ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд ва маҳорати варзишии худро такмил диҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ва омӯзгорон дастур доданд, ки аз имкониятҳои фароҳамшуда самаранок истифода карда, барои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии хонандагон, такмили маҳорати касбии омӯзгорон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ талоши бештар намоянд.



