Сафир Имомудин Сатторов бо Президенти федеролӣ Франк-Валтер Штайнмайер ва роҳбарони намояндагиҳои корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Олмон дар сафари шиносоӣ-иттилоотӣ ба устони федеролии Бавария иштирок намуд.
Тавре радиои “Овози тоҷик” дар такя ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад, дар ин сафар дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ бо Президенти федеролӣ нахуст аз корхонаи “Leistritz AG”-и шаҳри Нрюнберг, ки фаъолияти он ба истеҳсоли турбинаҳо, насосҳо, таҷҳизоти экструзӣ ва технология истеҳсолот равона гардидааст, дидан карданд.
Ҳамзамон, роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ дар шаҳри Эрланген аз Пажӯҳишгоҳи илмии Ҳелмголтс Эрланген-Нюрнберг оид ба нерӯи таҷдидпазир, дар шаҳри Нюрнберг аз Осорхонаи миллии Олмон ва мавзеъҳои таърихии шаҳри Бамберг боздид ба амал оварданд.
Ҳадафи чунин боздидҳо муаррифии Олмон ва гуногунии минтақаҳои он ба дипломатҳои хориҷӣ маҳсуб меёбад.