Дар идомаи Форуми байналмилалӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон – сарзамини обҳои шифобахш” дар шаҳри Ҳисор миёни вазорату идора ва ширкатҳои сайёҳии ватаниву хориҷӣ 32 созишномаи нави ҳамкорӣ имзо шуд. Дар ин бора хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Мирсаид Сатториён, ки дар ин чорабинӣ ширкат дорад, иттилоъ дод.
Ба иттилои мухбир, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар миёни субъектҳои хизматрасони сайёҳии ватанӣ ва кишварҳои Россия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд, ки минбсъд дар доираи онҳо рафтуои сайёҳон тавассути ин ширкатҳо ба кишварҳои ҳамдигар зиёдтар хоҳанд шуд.