4-7 август дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нур-Султон Чемпионати Осиё оид ба ҷудо баргузор мешавад. Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар Чемпионати Осиё 180 варзишгар (104 мард, 76 зан) аз 19 кишвари қора ширкат мекунанд. Аз ҷумла Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки дар аввал чемпионат ба нақша гирифта нашуда буд, вале пас аз он ки Бозиҳои Осиё ба таъхир афтод, Иттиҳоди ҷудои Осиё тасмим гирифт, чорабиниро баргузор кунад.