31 августи соли 2022 бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари мусоидат ба рушди сармоягузорӣ ва технологияи Ташкилоти СММ оид ба рушди cаноат (ITPO Tokyo, UNIDO) вебинар роҷеъ ба муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон дар Япония баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Сафир М.Ҷалолов бо сухани ифтитоҳи вебинарро ҳусни оғоз бахшида, намояндаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ бо рунамо дар бораи имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Душанбе дар барои фаъолияташ дар Тоҷикистон ва инчунин намояндаи корхонаи муштараки “Авалин” баромад намуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони наздик ба 100 корпоратсия, корхонаҳои бузург ва доираҳои сармоягузории Япония ширкат варзиданд.