“Рӯзи 16-уми сентябр 2 мактабу як масҷид дар ноҳияи Лахш мавриди ҳамлаи мушакӣ қарор гирифт, ки дар натиҷа қурбониҳои зиёд гузошт”,-гуфт Содиқ Имомӣ, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз зимни бриффинге, ки дар шаҳри Душанбе доир шуд.
Ба зикри Содиқ Имомӣ, Президенти Қирғизистон дар муддати охир якбора дар минтақаҳои баҳсии наздимарзӣ чанд қисми ҳарбӣ бунёд кард. Ин далел назорати вазъро мушкил намуда, оромии ин минтақаҳоро халалдор месозад.
«Аммо, новобаста ба рафтори ҷониби Қирғизистон ва дағалона вайрон кардани созишномаи оташбас роҳи ягонаи ҳалли ин мушкил музокирот аст ва татбиқи шартҳои пешниҳодшуда дар муоҳидаҳои имзошуда»,-гуфт муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тоҷиддини Ризвон,
«Овози тоҷик»