27 сентябри соли 2022 дар шаҳри Анқараи Ҷумҳурии Туркия ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 31-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Вазири тиҷорати Туркия Меҳмет Муш, муовини Вазири саноат ва технологияи Туркия Четин Али Донмез, Президенти KOSGEB Ҳасан Басри Курт, муовини Президенти ТIKA Умит Наҷӣ Ёрулмаз ва меҳмонони зиёд аз сохторҳои гуногуни Туркия ва корпуси дипломатӣ, аз ҷумла Ҳукумат, Дастгоҳи Президент, Вазорати корҳои хориҷӣ, Парлумон, ректорони донишгоҳҳои бонуфузи Туркия, марказҳои тадқиқотӣ-илмӣ, хабарнигорони восоити ахбори омма, корхона ва ширкатҳои бузурги саноатӣ, тиҷоратӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Ашрафҷон Гулов дар оғози чорабинӣ қайд намуд, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ҳаёти миллати куҳанбунёди тоҷик таҳти ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифт.
Ҳамзамон, Вазири тиҷорати Туркия Меҳмет Муш зимни суханронӣ мардуми Тоҷикистонро аз номи Ҳукумати Туркия ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуда, афзуд, ки маҳз дар ин давра муносибатҳои ду кишвари дӯст дар ҳама самтҳо рушд ёфта истодаанд.