3 октябри соли 2022 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистону Арабистони Саудиро дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ перомуни масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.