Рӯзи 5 октябри соли равон вохӯрии Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Давлат Шариф бо намояндаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) хонум Тереза Рибейро баргузор гардид. Дар ин бора Марям Холиқзода,маркази матбуоти Вазорати фарҳанг иттилоъ дод.
Миёни ҷонибҳои гуфтугӯи самимӣ сурат гирифта, вобаста ба фазои озоди баёни воситаҳои ахбори омма, ҳуқуқу озодиҳои рӯзноманигорон мулоқот ҷараён гирифт.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ баргузор шуд.