Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев аз ҷониби Вазорати фарҳанг рӯзи «Фалак» таҷлил гардида, таҳти унвони «Садои дил» даври ҷамъбастӣ ва маросими мукофотсупорӣ ба ғолибони Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён низ баргузор гардид, иттилоъ дод Зарина Абдулвоҳидова, мухбири радиои «Овози тоҷик».
Ба гуфти мухбир, Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён ба Рӯзи Фалак ва 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, ҳадафи он амалисозии «Барномаи давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии халқи тоҷик барои солҳои 2021-2025» мебошад.
Фестивал бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон аз рӯи ду номина- «Беҳтарин фалаксаро» ва «Беҳтарин иҷрои сози дутор» дар се давр доир гардид. Даври аввали фестивал нимаи аввали моҳи сентябр дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва даври дуввуми он нимаи дуюми моҳи сентябр дар вилоятҳо баргузор шуд.
Дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии фалаксароён таҳти унвони «Садои дил» довталабони аз 14 то 35-сола иштирок намуданд. Дар ду даври он аъзои ҳакамон аз шаҳру ноҳияҳо ва вилоят ба ҳунари иштирокдорон баҳо гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола 10 октябр Рӯзи фалак ҷашн гирифта мешавад.