
Имрӯз ҳайати Иттифоқи эҷодии журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Дар ин бора Дилшод Раҳмон, корманди бахши матбуоти дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода иттилоъ дод.
Ба зикри манбаъ, рӯзноманигоронро раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода ҳамроҳӣ намуд. Онҳоро дар саҳни ҶСК «Ширкати Алюминийи тоҷик» намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, роҳбарияти корхона ва аҳли фарҳанг пешвоз гирифтанд.
Ҳайати Иттифоқи эҷодии журналистони Ҷумҳурии Ӯзбекистон зимни ташрифашон аз осорхонаи ҶСК Ширкати Алюмини тоҷик, ҶДММ «Алюминпроф» ва аз майдонҳои ангурзори хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода дидан карданд.