
13 октябри соли 2022 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бахшида ба «Рӯзи соҳибкор» ҳамоиши илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Соҳибкории инноватсионӣ ва нақши он дар таъмини саноатикунонии босуръати иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар ин бора аз донишгоҳи мазкур иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиши мазкур меҳмонон аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», ширкатҳои сайёҳӣ ва соҳибкорони муваффақ иштирок ва суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, иштироки омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони Филиалҳо ва Литсейҳои касбии Донишгоҳ дар вилоятҳои Хатлону Суғд тариқи маҷозӣ дар кори ҳамоиши илмӣ таъмин карда шуд.
Қабл аз оғози ҳамоиш иштирокдорон аз намоишгоҳи дастовардҳои илмии омӯзгорони ин боргоҳи таълимӣ ва биноҳои нави таълимии Донишгоҳ, ки иборат аз 17 лабораторияи таълимӣ мебошад дидан намуда, ба пойгоҳи муосири таълимии муассиса ва дастовардҳои олимони Донишгоҳ баҳои баланд доданд.
Сипас, дар толори фарҳангии Донишгоҳ бо қироати дастаҷамъонаи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сухани ифтитоҳии муовини аввали ректори Донишгоҳ дотсент Раҳимов Мирзоҳид Абдувоҳидович ҳамоиши илмӣ оғоз гардид.
Зимни сухани ифтитоҳии хеш муовини аввали ректор ҳозиринро аз номи роҳбарияти Донишгоҳ ҷиҳати ҳузурашон дар ҳамоиши илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ ба Донишгоҳ хушомадед намуд.
Мавсуф дар идомаи баромади хеш иброз намуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 14 октябр дар кишвари азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол «Рӯзи соҳибкор» бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Қайд гардид, ки эътирофи хизматҳои шоёни соҳибкорон ва ҷашн гирифтани «Рӯзи соҳибкор» дар мамлакат саривақтӣ мебошад.
Масъалаи рушди соҳибкорӣ аз ҷониби Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор дорад ва сол ба сол бо дарёфти захираву имкониятҳои мавҷуда тадбирҳои мухталиф анҷом дода мешаванд. Дастгирии соҳибкорӣ ва қабл аз ҳама соҳибкории истеҳсолӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоту ниҳодҳои давлатӣ маҳсуб меёбад.
Дар идомаи ҳамоиши илмӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.и., профессор Раҳматзода Рустам, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод, муовини раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфзода Шаҳло Ҷамол, сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Иттифоқи соҳибкорони Тоҷикистон Забиров Некрӯй ва муовини сардори шуъбаи сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Ҷураев Беҳзод Машрафович бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд.
Дар интиҳои ҳамоиш тибқи фармоиши ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд дар самти омода намудани мутахассисони соҳибкасби соҳаи молия ва бонкдорӣ «Сипоснома»-и раёсати Донишгоҳ ба раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» тақдим карда шуд.