Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз тањарруки террористон” иштирок ва суханронӣ карданд. Дар ин бора Мирсаид Сатториён, мухбири радиои “Овози тоҷик” иттилоъ медиҳад.
Сарвар давлат нахуст ҳузури меҳмононро дар сарзамини Тоҷикистон барои иштирок дар ин конфронси муҳимми байналмилалӣ, ки ба яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони муосир бахшида шудааст, хайрамақдам гуфта, таъкид карданд, ки ҳамоиши имрӯза сеюмин чорабинии сатҳи баланд аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Қатар, Арабистони Саудй ва дигар шарикони байналмилалӣ дар доираи «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм» баргузор мегардад.
“Бо истифода аз фурсати муносиб, ба роҳбарияти созмонҳои зикршуда ва кишварҳои шарик барои дастгирӣ дар раванди тадорукот ва баргузории конфронс миннатдорӣ баён менамоям. Умед дорам, ки зимни ин ҳамоиш масъалаҳои таъмини амният, мудирияти сарҳад ва муқовимати муассир ба ифротгароиву терроризм, бахусус, пешгирии тањарруки террористон тавассути сарњадњо њамаљониба баррасӣ гардида, аз натиҷаи он қарорҳои мушаххас қабул карда мешаванд”,-зикр доштанд Президенти кишвар.
Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тайи солҳои охир доираи хатару таҳдидҳои аз терроризму ифротгароӣ бароянда мунтазам васеъ гардида, ин зуњуроти харобиовар боиси оқибатҳои даҳшатбор мегарданд ва фаъолияти созмону гурўњњои террористиву ифротгаро хусусияти афзояндаи фаромарзиву фаромиллї касб менамоянд. Гузашта аз ин, паҳншавии босуръати бемории сироятии COVID-19 дар зарфи зиёда аз ду соли охир ва пайомадҳои он ҷараёни муқовимат бо ин таҳдидҳоро боз ҳам мушкил гардонида, раванди татбиқи Рӯзномаи 2030 ва дастёбӣ ба ҳадафҳои рушди устувори онро дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон халалдор сохт.
“Гурӯҳҳои террористӣ аз чунин вазъи баамаломада сӯйистифода карда, фаъолияти ифротгароӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба он, ташвиқ ва анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро густариш мебахшанд. Боиси таассуф аст, ки бидуни дарки ҳадафҳои аслии созмону гурўњњои ифротиву террористӣ баъзе воситаҳои ахбори омма барои роҳбарони онњо минбар ё дигар имконоти ибрози матлабро фароҳам меоранд. Ин гуна рӯйкардҳо, ба назари мо, ғайрисозанда буда, гурӯҳҳои носолимро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ таблиғу ташвиқ менамоянд”,-баён доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамзамон, дар ҷараёни суханронии худ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи Афғонистон таваҷҷуҳ карда, зикр намуданд, ки Тоҷикистон ва Афғонистонро 1400 километр хатти сарҳад бо қитъаҳои мураккаби кӯҳӣ ба ҳам мепайвандад, ки тақрибан шаст (60) фоизи марзҳои давлатҳои Осиёи Марказиро бо ин кишвар ташкил медиҳад.
“Дар чунин шароит мо ҷиҳати таҳкими сарҳадот чораҳои зарурӣ андешида истодаем ва тайи ду соли охир зиёда аз 175 иншооти сарҳадиро сохта ба истифода додем. Ҳамзамон бо ин сохтмони сӣ (30) иншооти дигар идома дорад ва моро лозим аст, ки дар оянда боз сесад (300) иншооти марбутаро бунёд намоем. Дар ин робита, талошҳои таъхирнопазир ҷиҳати татбиқи ташаббуси Тоҷикистон — консепсияи “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон ба манзури пешгирӣ ва коҳиш додани пайомадҳои хатару таҳдидҳо амри зарурӣ мебошад”,-таъкид карданд Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.