Шаби 17 октябр аз ҷониби маҷаллаи фаронсавии France Football маросими супурдани ҷоизаҳо барои мавсими гузаштаи футбол баргузор шуд. Ҳамлагари дастаи футболи «Реал Мадрид»-и Испания Карим Бензема ҳамчун беҳтарин бозингар ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро ба даст овард.
Дар мавсими гузашта ҳамлагари фаронсавӣ дар 32 бозӣ дар Ла Лигаи Испания 27 гол зада, 12 партофти головар кардааст. Бензема инчунин дар 12 вохӯрии Лигаи чемпионҳо 15 маротиба гол зада, ду маротиба ба шариконаш ассист кардааст. Бисёре аз голҳои ӯ дар давраи плей-офф ва финали мусобиқа буданд. Дар ҳайати дастаи «Реал Мадрид» Карим Бензема қаҳрамони Испания шуд ва инчунин баъд аз пирӯзӣ бар дастаи футболи «Ливерпул»-и Англия Ҷоми Лигаи чемпионҳоро гирифт.
Дар оғози мавсими ҷорӣ вақте ки дастааш дар бозӣ барои ин ҷом аз дастаи «Айнтрахт»-и Олмон қавитар баромад, Карим Бензема соҳиби Суперҷоми Аврупо шуд. Карим Бензема дар бораи ҳамлагари дастаи футболи «Манчестер Юнайтед»-и Англия Криштиану Роналду баъди ба даст овардани «Тӯби тиллоӣ» изҳори назар карда, гуфт: «Бо ӯ бозӣ кардан бароям шараф аст, вай беҳтарин бозингар аст. Рӯзе, ки ӯ рафт, майли беҳтар шуданам пайдо шуд. Ман ҳавасмандӣ дорам, ки дар майдон бештар кор кунам».