Аз 21 то 23 октябр дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи Тоскулоҳи бузург («Abu Dhabi Grand Slam 2022») оид ба гӯштини дзюдо баргузор мешавад. Дар он 430 варзишгар аз 66 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.
Бино ба иттилои Федератсияи дзюдо, Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи баланд 11 нафар варзишгарони шинохта намояндагӣ мекунанд. Дар он Шоҳида Қаландарова дар вазни то 57 кг, Мавлуда Одинаева дар вазни то 63 кг, Муслимбек Каримов дар вазни то 60 кг, Шаҳбоз Саидабуроров дар вазни то 66кг, Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 73кг, Шодмон Ризоев дар вазни то 81кг, Ҷаҳонгир Маҷидов ҳамроҳ бо Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90кг, Абубакри Акобир бо Эмомризо Анварзода дар вазни то 100кг ва ниҳоят паҳлавони маъруфи меҳан Темур Раҳимов дар вазни +100кг ширкат меварзанд.
Ба иттилои манбаъ, ғолибони мусобиқаи мазкур соҳиби имтиёзҳои олимпӣ мешаванд. Варзишгароне, ки соҳиби медали тилло мегарданд, 1000 имтиёз, медали нуқра- 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз ба даст меоранд. Ҳамчунин дзюдочиёне, ки мавқеи 5-ум ва 7-умро касб мекунанд, соҳиби 360 ва 260-имтиёзӣ мегарданд.