Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмими дорад бахшида ба 30-солагии барқарории равобити дипломатӣ миёни ду кишвар консерти гурӯҳи нақоранавозони ҷопонӣ «WADAIKO SAI»-ро доир кунад.
Ба иттилои Сафорат, ин консерт бахшида ба 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатии Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду шаҳр баргузор мешавад: 26 октябр дар шаҳри Душанбе ва27 октябр дар шаҳри Хуҷанд. Ҳарду чорабинӣ ҳам соати 18:00 ба таври ройгон ба нақша гирифта шудааст.