Олими ҷавони тоҷик Ризои Баҳромзод дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки рӯзи 25 октябри соли 2022 яке аз ҳодисаҳои ҷолиби астрономӣ – гирифти Офтоб ба амал меояд, ки аз Тоҷикистон ҳам онро мушоҳида карда мешавад.
“Оғози гирифт соати 15:27:58.2, ҳаддиаксари он дар 16:39:11.6, ва дар соати 17:43:46.7 (ба вақти Душанбе) анҷом меёбад, аммо ғуруби Офтоб пеш аз поёни гирифт ба амал меояд. Дар шаҳри Душанбе дар ҳолати ҳаддиаксарӣ 64,49%-и сатҳи Офтобро Моҳ мепӯшад”, — навиштааст Ризои Баҳромзод.
Донишманди тоҷик менависад, ки ҳодисаҳои гирифти Офтобу Моҳ, ки дар осори гузаштагони мо бо номҳои Кусуф ва Хусуф низ истифода шудаанд, ҳодисаи табиӣ буда, ба инсонҳо зарар намерасонанд.
Ин ишораи Ризои Баҳромзода зоҳиран ба давраҳои гузашта аст, ки мавридҳои гирифти моҳ ё офтоб мардумро сахт метарсонд ва барои пешгирӣ аз ҳар гуна офатҳо дар лаҳзаҳои гирифтани моҳу офтоб ҳатто маросимҳои махсус ҳам бургузор мекарданд. Гуруҳи дигар аз пеш шишапораҳое дар оташ сиёҳ мекарданд, то ки лаҳзаи гирифтани моҳ ё офтобро хубтар бубинанд.