25 октябри соли равон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадуллозода Нурулло Раҳматулло бо Директори Пажӯҳишгоҳи демографии Академияи илмҳои Федератсияи Россия Рязантсев Сергей Василевич вохӯрӣ баргузор намуд, хабар медиҳад Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Қайд гардид, ки ҳамкориҳои вазорат бо Пажӯҳишгоҳи демографии Академияи илмҳои Федератсияи Россия дар заминаи созишномаҳои дуҷониба ҷиҳати табодули таҷриба дар равишҳои татқиқотҳои илмӣ дар соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, ташкили муколама ва нишастҳои илмӣ барои тақвияти иқтидори илмии ин соҳа ба роҳ монда шудааст. Дар заминаи ин ҳамкориҳо силсилаи тренингҳои омӯзишӣ доир ба равишҳо ва методологияи пажӯҳишҳои демографӣ барои кормандони вазорат ва олимону ходимони МД “Пажӯҳишгоҳи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ” баргузор шуда истодаанд.
Инчунин, тарафҳо дар ояндаи наздик барои дарёфти роҳҳои ҳалли бисёр масъалаҳои соҳаҳои меҳнат, бозори меҳнат, муҳоҷират ва шуғли ахолӣ тавасути тадқиқотҳои илмии муштарак ба мувофиқа расиданд. Инчунин, дар самти такмили сиёсати ҷавонон, оила, баҳисобгирии ҷанбаҳои гендерӣ ва таъмини идомаи таҳсилоти касбӣ дар тӯли ҳаёт Институти мазкур бо Пажӯҳишгоҳи вазорат фаъолона ҳамкорӣ хоҳад намуд.
Дар фарҷом ҷонибҳо аз ҳамкориҳои судманд изҳори қаноатмандӣ карда, барои тақвияти ҳамкориҳои минбаъда умедворӣ намуданд.