Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 октябр ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар хоҳанд кард. Дар ин бора Абдуфаттоҳ Шарифзода, котиби матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Мирсаид Сатториён, мухбири радиои «Овози тоҷик» иттилоъ дод.
Ба зикри манбаъ, Роҳбари давлат дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ширкат хоҳанд кард.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон субҳи рӯзи панҷшанбе озими шаҳри Остона шуда, дар он ҷо ҳамагӣ як рӯз мемонанд, — хабар дод роҳбари хадамоти матбуоти Президент.
Дар ин сафар Сарвари кишварро Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷӣ, Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо ва Аъзамшо Шарифӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Дар ин нишаст ба ҷуз сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел низ ширкат хоҳад кард. Чарлз Мишел дар аввали моҳи октябр эълон дошта буд, ки ба Узбекистон ва Қазоқистон сафар мекунад. Ӯ бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев рӯзҳои 26-27 октябр ба Остона омада, дар нишасти роҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ширкат хоҳад кард.