Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конфронси байналмилалӣ ба хотири 80 — солагии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Тошбой Бобоев доир гардид. Дар ин бора Ризои Баҳромзод иттилоъ додааст.
Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ ректори ДМТ, профессор Қобилҷон Хушвақтзода ифтитоҳ намуда, доир ба хизматҳои шоёни Тошбой Бобоев дар рушди илми тоҷик суханронӣ намуд. Мавсуф аз ҷумла зикр дошт, ки “устод Тошбой Бобоев дар тарбияи физикони давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон саҳми бузург доранд ва то дари марг дар фикри шогирдон буданд. Мавсуф дар ин самт соҳиби мактаб буданд, ки бо номи мактаби илмии Тошбой Бобоев ёд мешавад.
Тошбой Бобоев соли 1963 факултаи физика ДМТ ва соли 1968 аспирантураи Институти физикаю техникаи ба номи А.Ф. Иоффеи АИ ИҶШС-ро хатм карда, соли 1970 рисолаи номзадӣ ва соли 1992 рисолаи докторӣ дифоъ менамояд ва соли 1975 сазовори унвони дотсентӣ, соли 1993 соҳиби унвони профессорӣ мегардад. Бобоев Т.Б. яке аз асосгузорони равияи нави илм – «Вайроншавии фотомеханикии полимерҳо» ба шумор меравад. Ин олими номвар қонунияти вайроншавии фотомеханикии полимерҳоро кашф карда, роҳҳои баланд бадоштани устувории полимерҳоро дар шароити фотомеханикӣ аз нуқтаи назари илмӣ асоснок намудааст. Ҳамзамон, Бобоев Т. машғули тадқиқотест, ки бевосита ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ тааллуқ доранд. Масалан, бо мақсади аз гидрогенсулфид ҳимоя кардани конструксияҳои филизӣ гурӯҳи илмии ӯ хамираи сангинеро пешниҳод намуд, ки дар сохтмони метрои шаҳри Тифлис ва лӯлаҳои филизии интиқоли нафти Сургут мариди истифода қарор гирифтанд. Солҳои 80-90-уми асри ХХ Бобоев Т. тарзи нави ҳосил кардани карбопластикҳоро, ки дар саноати авиатсионӣ ва ракетасозӣ истифода мегарданд, пешниҳод кард ва ин композитҳо мустаҳкамии зиёд дошта, ба таъсироти радиатсия устуворанд. Дар ин самт ӯ мутахассисони зиёдеро табия намуда, зери роҳбарии олим Додоматов Ҳ.Д. Усмонов Ғ.Х., Ҷонов Ё.И., Истамов Ф.Х. ва Ғафуров С.Ҷ. рисолаи номзадӣ докторӣ ҳимоя намудаанд. Илова бар ин, ба қалами Бобоев Т. 1 монография, беш аз 150 мақолаи илмӣ, 3 китоби дарсӣ, 29 васоити таълимӣ тааллуқ дошта, инчунин ӯ соҳиби 9 шаҳодатномаи ихтироот (патент) мебошад.
Дили ин физикдони маъруфи тоҷик, олими беҳамтои соҳаи физикаву метаметика 18 августи соли 2020 дар 78-уми соли умри ӯ аз задан бозмонд.