Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Мудири Дафтари минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенрӣ Клюге мулоқот намуд.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон, дар мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки Парлумони касбии Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ бо ин созмони байналмилалӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар самти тандурустӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) аст ва дар тӯли ин муддат дар доираи ин созмон фаъолияти муваффақона дорад.
«Худи замон аз мо талаб мекунад, ки афзалияти шарикии амалиро барои дарозмуддат аз нав дида бароем. Ҳамкории ҳарду тараф бояд ба талаботи ҳозира пурра ҷавоб диҳад. Кишвари мо дар иҷрои уҳдадориҳои ТУТ, татбиқи принсипҳо дар сатҳи қонунгузории миллӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Мо саъю кӯшиши созмонҳо, бахусус Созмони ҷаҳонии тандурустиро барои расонидани кумаки фаврӣ ва дарозмуддат дар мубориза бо оқибатҳои башардӯстона ва иҷтимоию иқтисодии пандемияи COVID-19 қадр мекунем»,-гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии вирус тадбирҳои зарурӣ меандешад ва бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамкории зич дорад.