Дар доираи ҳамкориҳои фарҳангиву адабии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон китоби «Ҳазор байт»-и Шоири халқии Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи миллӣ-адабии «Садои Шарқ» Рустам Ваҳҳобзода дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба чоп расид. Дар ин бора Бузургмеҳри Ҳаким, корманди ИНТ иттилоъ додааст.
Ба зикри манбаъ, қаблан китоби муфрадоти Рустам Ваҳҳобзода гиромӣ бо хати кириллӣ ва форсӣ дар кишвар нашр гаштаву аз ҷониби хонандагон мавриди истиқболи хоса қарор гирифта буд.