Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабинии пуршуқӯҳ доир шуд. Нишаст бо сухани ифтитоҳии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. оғоз гардида, ҳамагонро ба муносибати ин ҷашни муҳимми давлатӣ табрик намуд.
Тавре ки ДМТ хабар медиҳад, дар идомаи суханронӣ Хушвахтзода Қ.Х. иброз дошт, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, ҳамчун раҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа нақши созгор дорад.
Зикр намуд, ки дар давоми 28 соли Конститутсия ҷиҳатҳои ҳуқуқии тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар рушд кард, ки ин ҳама аз сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ дар ҷомеа вобаста аст.
Баъдан судияи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҷамшедзода Ҷ.Н. суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки Конститутсия қонуни асосӣ ва шаҳодатномаи миллат ба шумор рафта, маҳз дар асосу партави он зиндагии моддиву маънавии ҷомеа ва фазои мусоиди кору ҳаёти ҳар як сокини кишвар ба танзим медарояд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бархӯрдорӣ аз миллият ва ҷавобгӯ будан ба тамоми ниёзҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи хосаеро касб менамояд.
Мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Қадиров Ҷ. дар мавзӯи «Нақши Конститутсия дар рушди давлатдории миллӣ» маърӯза намуда, саҳми қонуни асосии кишвар – Конститутсияро дар таъмини сулҳу суботи ҷомеа назаррас арзёбӣ кард.
Дар ҷараёни ҳамоиш омӯзгорону кормандони зерини донишгоҳ барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи маориф ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ бо Ифтихорномаи донишгоҳ сарфароз гардиданд.