Намояндагони 13 ширкати миёна ва бузурги вилояти Самараи Русия барои баррасии дурнамои ҳамкорӣ бо соҳибкорони тоҷик ба Душанбе меоянд. Сафари онҳо 5 ноябр ба нақша гирифта шуда, то 12 ноябр идома меёбад.
Дар ин сафар соҳибкорони рус аз манотиқи мухталифи кишвар дидан карда, бо риштаи соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ошно хоҳанд шуд.
Асосан вилояти Самараро соҳибкорон дар соҳаҳои тандурустӣ, косметология, қаннодӣ, оби нӯшокӣ, хушкмева, кишоварзӣ, агролизинг ва дистрибюторҳо намояндагӣ мекунанд.
Интизор меравад, ки 10 ноябр намояндагони доираҳои тиҷоратии Русия дар меҳмонхонаи Серенаи пойтахт бо тоҷирони тоҷик мулоқотҳои дуҷониба (В2В) баргузор мекунанд.