7 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср дар ҳошияи Иҷлоси бисту ҳафтуми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (КОП-27) бо Президенти Ҷумҳурии Кения муҳтарам Уилям Рутто мулоқот карданд.
Вохӯрӣ бо ташаббуси ҷониби Кения доир гардида, дар рафти он масоили рушду густариши ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин имкони дидору мулоқотро барои муҳокимаи дурнамои муносибатҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ карданд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ масъалаҳои вусъат бахшидан ба ҳамкории кишварҳо, тақвият додани заминаҳои ҳуқуқии робитаҳои дуҷониба ва бисерҷонибаро дар чаҳорчуби ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид муҳокима намуданд.
Дастгирӣ кардани ташаббуси якдигар дар созмонҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли мушкилоти глобалӣ омили муҳими таҳкими эътимоду боварии байни кишварҳо арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот ба роҳбарияти олии Ҷумҳурии Кения ҷиҳати ҷонибдории пешниҳоду талошҳои байналмилалии кишвари мо дар соҳаи обу иқлим изҳори миннатдорӣ карда шуд.
Сарони давлатҳо ба вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои худ супориш доданд, ки барои вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба чораҳои зарурӣ андешанд.
Дар рафти суҳбат ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.