Аз 08 ноябр то 10 ноябри соли равон дар меҳмонхонаи Хилтони шаҳри Душанбе мулоқоти гурӯҳҳои корӣ оид ба татбиқи лоиҳаи байналмилалӣ таҳти унвони “Тақвияти низоми дастгирии омӯзгорон дар раванди татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ” ҷараён дорад. Дар он 25 нафар устодони ДДОТ ба номи Садриддини Айнӣ, коршиносони соҳа ва дигар намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок карда истодаанд. Дар ин бора ДДОТ хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мақсади асосии ин стратегияи коммуникатсионӣ беҳтар намудани имкониятҳои сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳама зинаҳои таҳсилот ва имконоти маблағгузории он мебошад. Дар давоми ин ҷамъомад мутахассисони соҳаҳои мухталиф, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ ва ҳамкорони рушд ҷанбаҳои гуногуни ин стратегияро баҳри дастрас намудани натиҷаҳои беҳтарин муҳокима хоҳанд кард.
Маврид ба ёдоварист, ки Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мувофиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1532 аз 20 октябри соли 2022 роҳбарии умумии лоиҳаи байналмилалиро таҳти унвони “Тақвияти низоми дастгирии омӯзгорон дар раванди татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ” ба уҳда дорад. Дар ин баробар бо мақсади мусоидат яке аз бобҳои “Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” амалӣ карда шуда, дар мувофиқа бо бахшҳои вазорат Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ яке аз муассисаҳои асосӣ барои татбиқи лоиҳа интихоб шудааст.