Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Зулфия Давлат бо мудири минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон Магнуссон Бенгт Магнус мулоқот намуд.
Тавре ки радиои «Овози тоҷик» дар такя ба Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рафти мулоқот қайд гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамеша омодааст, ки ҳамкориҳоро дар асоси заминаи эътибору эҳтироми тарафайн ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии ЮНЕСКО дар самти фарҳанг, санъат ва ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ ба роҳ монад.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳоро дар доираи татбиқи 2 лоиҳа: 1) роҳи абрешим дар ҳамкорӣ бо кишварҳои Афғонистон, Эрон ва дигар кишварҳои минтақа, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад; 2) таҳким бахшидани маҳоратҳои рақамӣ ва баробарии гендерӣ, ки аз тарафи Ҷумҳурии Корея дастгирӣ меёбад ва ҳамчунин, баргузории коференсияи минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2024 мавриди баррасӣ қарор доданд.
Магнуссон Магнус миннатдорӣ хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои хубу самарабахш дар соҳаи фарҳангу санъат ва ҳифз мероси ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ баён намуд.
Миёни ҷонибҳо гуфтугӯи самимӣ сурат гирифта, ҳамкориҳо дар самти фарҳанг ва ҳифзи мероси ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вохӯрӣ дар фазои ҳусни тафоҳуми ҳамдигарӣ баргузор шуд.