12 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо иштироки ҳунармандони Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад, иттилоъ дод Марям Холиқзода, корманди маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат ба радиои «Овози тоҷик».
Барномаи фарҳангӣ ба 30-юмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад. Ин барнома бо ташаббуси Сафорати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.