Имрӯз дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Ҳисор ҳайатҳои сайёҳии Узбекистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон бо қалъаи “Ҳисор” шинос шуданд. Дар ин бора мухбирони радиои бурунмарзии “Овози тоҷик” Мирсаид Сатториён ва Мадина Мениқулова иттилоъ доданд.
Дар назди қалъа меҳмононро роҳбарияти шаҳри Ҳисор ва аҳли санъату фарҳангии шаҳр истиқбол гирифтанд. Сипас, меҳмонон бо вазъи қалъа шинос шуда, доир ба таърихи сохта шудани он маълумоти муфассал гирифтанд.
Инчунин, онҳо дар ин ҷо ба осорхонаи таърихии шаҳри Ҳисор ташриф оварда, бо дастовардҳои таърихӣ ва бозёфтҳои нодири ин макон шинос шуданд.
Баъди нисфирӯзӣ дар меҳмонхонаи “Ҳайат реҷенси”-и шпҳри Душанбе Форуми минтақавии “Имкониятҳои рушди сайёҳии минтақа” бо иштироки намояндагон аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон доир мегардад, ки аз ҷараёни он бароятон маълумот хохем дод.
Дар интиҳои сайр меҳмонон дар дафтари хотироти осорхона таассуроти худро қайд карданд.