Тавре ки иттилоъ додем, имрӯз Имрӯз дар меҳмонхонаи “Ҳайат реҷенси”-и шаҳри Душанбе Форуми минтақавӣ оид ба рушди сайёҳӣ баргузор гардид. Дар ин бора Мирсаид Сатториён ва Мадина Мениқулова, мухбирони радиои “Овози тоҷик” иттилоъ медиҳанд.
Ба зикри мухбирон, қисмати расии ҳамоишро раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки ҳадафи чунин ҷамъомадҳо густариши ҳамкорӣ миёни кишварҳо дар самти сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳон ба мамлакатҳои ҳамдигар дорад.
Дар идомаи ҳамоиш Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ роҷеъ ба имкониятҳои сайёҳии кишвараш сухан гуфта, таъкид кард, ки бахши давлатии ин кишвар хостори тақвияти шарикӣ бо бахши хусусӣ дар ин самтанд ва моро мебояд бештар сайёҳии табобатиро миёни кишварҳо тақвият бахшем.
Дар идомаи ҳамоиш Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эргаш Шоисматов суханронӣ карда, таъкид кард, ки ҷониби Узбекистон ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо умедвор аст, чунки тоҷику узбек миллатҳои дӯсту бародар ва ҳамсояҳои нек буда, дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ хешу табори хеле зиёд ҳам доранд. Аз ин рӯ, ба бовари онҳо, дар оянда соҳаи сайёҳӣ миёни ин ду кишвар бештар рушд хоҳад кард.
Дар қисмати дуюми нишаст намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ, ҳунармандӣ ва тандурустии кишварҳои Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон имкониятҳои фаъолияту ҳамкориашон дар шакли намоишнома ба аҳли нишаст муаррифӣ карданд.
Дар чорабинӣ, ҳамзамон, намояндагон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Хадамоти гумрук ва дигар ниҳодҳои бахши давлатии кишвари мо иштирок карданд.
Баъди чанд лаҳза мулоқотҳои рӯбарӯи ҷонибҳо дар шакли B2B доир шуда, дар анҷом ҳайатҳои расмӣ созишнлмаҳои нави ҳамкориро имзо хоҳанд кард.