Имрӯз, 15 ноябр дар саҳнаи Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоишномаи “Табиби хасакӣ”-и Театри давлатиии лӯхтаки вилояти Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон ба намоиш гузошта шуд. Намоишнома ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ манзур гардида, аз ҷониби тамошобинон бо кафкӯбиҳои самимӣ аз нақшофарони он истиқбол карда шуд.
Тавре ки Наргис Розиқзода, роҳбари бадеии Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе ба хабарнигори радиои “Овози тоҷик” Тахминаи Амониён хабар дод, ҳунармандони Театри давлатии Лӯхтаки шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон имрӯз ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро роҳбарият ва ҳунармандони Театри давлатии Лӯхтаки шаҳри Душанбе самимона пешвоз гирифтанд.
Сафари кории ҳунармандони Ӯзбекистон дар Тоҷикистон то 22 ноябр идома мекунад.
Намоиши “Табиби хасакӣ” аз рўи асари Муноҷот Эргашева тартиб дода шуда, дар бораи як пиразане, ки хоҳиши бой шуданро дошт, нақл мекунад. Барои ба мақсад расидан ӯ роҳи нодурустро пеш гирифта, духтари подшоҳро заҳролуд мекунад ва барои табобати подшоҳдухтар худро ҳамчун табиб муаррифӣ месозад.
Чун подшоҳ аз фиребкории ӯ хабардор мешавад, фармон медиҳад, ки аз кишвар бадраға шавад. Шоҳдухтарро табиби варзида Ибн Сино бо шири уштур табобат мекунад.
Асар таълимӣ буда, ба бачагон роҳи дуруст ва ҳазар аз дурӯғу корҳои бад қисса мекунад.
Бино ба иттилои Наргис Розиқзода, дар баробари ин ҳунармандони Театри давлатии лухтаки шаҳри Душанбе бо намоишномаи «Маликаи шӯх» ба вилояти Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон ташриф меоранд.