Дар шаҳри Челябинск Форуми ҷавонони Русияву Тоҷикистон таҳти унвони «Вақеияти нави ВАО-и нав» оғоз шуд. Дар ин бора Оламбегим Некқадамова, рӯзноманигор ва донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Мирсаид Сатториён, мухбири радиои “Овози тоҷик” иттилоъ дод.
Ба зикри манбаъ, Форум дар Донишгоҳи давлатии Урали Чанубй барпо гардид. Ширкаткунандагони он намояндагони созмонҳои ҷамъиятии ҷавонон, пешвоёни ҷавон, донишҷӯёни фаъоли донишгоҳҳо, намояндагони сохторҳои амалкунандаи сиёсати ҷавонон дар Русия ва Тоҷикистон аз шаҳрҳои Душанбе, Истаравшан, Хуҷанд, Москва, Санкт-Петербург, Саратов, Архангелск ва дигар шаҳру ноҳияҳо буданд.
Чорабинӣ ба таҳкими ҳамкориҳои ҷавонони Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст. Иштирокчиёни форумро Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода, сардори Сарраёсати сиёсати ҷавонони вилояти Челябинск Светлана Калимуллина ва иҷрокунандаи вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ Александр Вагнер истиқбол гирифтанд.
Зимни сухани ифтитоҳӣ Ректори ДДУҶ қайд кард, ки дар назди ҷавонон вазифаи муҳим — ташаккули фазои ягонаи илмию таълимӣ гузошта шудааст: «ДДУҶ ба ҳайси мизбони форум тасодуфан интихоб нашудааст, зеро мо бо донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳамкории хуб дорем ва дар ин самт фаъолона кор карда истодаем. Ман мехостам, ки ин чорабинӣ шаклҳои нави ҳамкорӣ ва воситаҳои алоқаи иттилоотиро пайдо кунад, то он шароите, ки дар донишгоҳҳои Русия вуҷуд дорад, ба Тоҷикистон бирасад. Нуктаи муҳим ин мутобиқшавӣ, дарки анъанаҳо, фарҳанг ва таърихи давлатҳои гуногун мебошад. Ин на танҳо барои шаҳрвандони хориҷӣ, балки барои мо ҳам зарур аст, то ки бо кишварҳои хориҷӣ ва донишгоҳҳои онҳо алоқаи дуруст ва робитаи дӯстӣ пайдо кунем ва ин дӯстӣ интернатсионалӣ гардад».
Дар доираи Форум ду ҷаласаи семинарии мувозӣ низ доир шуд таҳти унвонҳои «Маркетинги иҷтимоӣ чист ва ВАО ба он чӣ ниёз дорад» ва «Чӣ бештар ба аудитория меояд ва чӣ гуна бояд бо он кор кард».
Илова бар ин, дар доираи кори Форум маърӯзаи доктори илмҳои филология, профессори Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург Сергей Илченко таҳти унвони «Духурагӣ дар замони муосир: воқеият бар зидди ҳақиқат» дар назар аст.
Инчунин, баргузории дарсҳои маҳорат аз офарандагони филми «Урали Ҷанубӣ. Осори асрҳо», барномаи сайёҳат дар атрофи комплекси медиатии Урали Ҷанубӣ ва ғайра доир мегардад. «Ҳар рӯз миллионҳо одамон саҳар аз хоб бедор мешаванд, ахборро тамошо мекунанд ва мехонанд, аз ин рӯ, зарур аст, ки иттилооти истеъмолшаванда боэътимод бошад. Барои ҳамаи одамоне, ки бо муҳити ВАО алоқаманданд, инкишоф додани тафаккури интиқодӣ хеле муҳим аст. Аз ин рӯ, дар доираи Форум ҷавонон — иштирокчии дарсҳои маҳорат, вохӯриҳо бо коршиносон ва суханронӣ дар мавзӯҳои марбут ба онҳо баргузор хоҳанд шуд», — гуфт Светлана Калимуллина.
Форуми мазкур бори сеюм аст, ки баргузор мешавад ва имсол он ба ҷашни муҳими давлатӣ барои меҳмонон – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. «Ин чорабинӣ ба рушду таҳкими равобити кунунии Русияву Тоҷикистон равона шудааст. Имрӯз Русия ва Тоҷикистон василаҳои зиёди ҳамкорӣ доранд. Ҳамакнун, ҳудуди 300 санадҳои нави ҳамкориҳои миёни кишварҳо, дар соҳаҳои фарҳангу маоиф ба имзо расидаанд. Дар чаҳорчӯби ин ҷашнвора, яке аз самтҳо метавонад ҳифзи хотираи таърихӣ ва муқовимат ба кӯшишҳои тақаллуби таърих бошад», — гуфт Зафар Сайидзода.
«Дар Ҷумҳуриим Тоҷикистон мо бо дастгирии САҲА шабакаи иҷтимоии худро таъсис додем, ки дар он ҳама метавонанд дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ширкат варзанд ва ҳамзамон аввалин шуда аз навигариҳои охир огоҳ шаванд. Аз ин рӯ, ман ба ин Форум омадам, то бифаҳмам, ки чунин шабакаи махсус дар Русия мавҷуд аст ё не ва оё ман аз он чизе омӯхта метавонам», — гуфт Нулифар Акрамова, иштирокчии форум.
Форуми мазкур то 18 ноябр давом мекунад. Он аз ҷониби: Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия, созмони пойгоҳи кишварҳои узви ИДМ оид ба кор бо ҷавонон ва Ассотсиатсияи иттиҳодияҳои ҷамъиятии «Шӯрои миллии Ассотсиатсияҳои ҷавонон ва кӯдакони Русия» ташкил карда шудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин Форум дар баробари дигар иштирокдорон намояндагони факултети журналистикаи Донишгоҳ миллии Тоҷикистон Шаҳзода Ашӯралиева, хабарнигори рӯзномаи “Ба қуллаҳои дониш”-и ДМТ, ҳамзамон, донишҷӯи факултети мазкур,
Латифабону Рустамзода, Дилноза Ҳукматуллоева, Гесуҷон Махсумова, магистрант Оламбегим Некқадамова, доктор PhD Ардашер Гулмуродзода таҳти роҳбарии декани факултети журналистика Абдулмумин Қутбиддинов иштирок доранд.