Имрӯз, 23 ноябри соли равон, дар шаҳри Ереван таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ ҷараён дорад. Дар ин бора Владимир Зайнетдинов, котиби матбуотии СААД зимни як суҳбати хаттӣ бо Мирсаид Сатториён, мухбири радиои “Овози тоҷик” иттилоъ дод.
Ба гуфтаи сухангӯи СААД, дар чорабинии мазкур Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли СААД Станислав Зас ширкат доранд.
Аъзои СААД зимни ин нишаст масъалаҳои мубрами амнияти байналмилаливу минтақавӣ ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъиро дар давраи байни иҷлосияҳо баррасӣ хоҳанд кард. “Яке аз масъалаҳои муҳим такмили низоми вокуниш ба бӯҳрони СААД ва баррасии тадобири муштарак барои кӯмак ба Ҷумҳурии Арманистон хоҳад буд”, — гуфт Владимир Зайнетдинов.
Интизор меравад, ки дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ эъломияи Шӯрои амнияти дастҷамъӣ қабул карда шавад. Бо дарназардошти гузариши раёсат дар СААД ба Ҷумҳурии Беларус дар солҳои 2022-2023 Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко нақшаҳои кишварашро, ки соли оянда амалӣ мешаванд, муаррифӣ мекунад.
“Тибқи рӯзномаи ҷаласаи СААД, як қатор санадҳо имзо мешаванд, ки ба муҷаҳҳазонидани Қӯшунҳои Сулҳ бо аслиҳаи муосир, техникаи низомӣ ва махсус, ташкили қувваҳои муштараки ҳифзи радиатсионӣ, кимиёвиву биологӣ ва таъмини тиббии СААД, инчунин тасдиқи маҷмӯи тадбирхои оперативию профилактикии “Наёмник” ва вазъияти амалиёти минтакавии зиддитеррористӣ равона шудаанд”, — гуфт мавсуф.
Инчунин, дар ин нишаст буҷаи солонаи СААД барои соли 2023 баррасӣ мешавад. Дар робита ба гузариши дарпешистода, аз 1 январи соли 2023 Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ масъалаи интихоби дабири кулли СААД-ро низ баррасӣ хоҳад кард.
Гуфта мешавад, ки қабл аз оғози кори нишаст ҷаласаи муштараки Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Кумитаи котибони шӯроҳои амният баргузор мегардад, ки дар он вазъи низомию сиёсӣ дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъии СААД ва рӯзномаи он муҳокима карда мешавад.
Дар ҷаласаҳои вазирон қабули як қатор изҳороти муҳими сиёсӣ, аз ҷумла Изҳороти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД оид ба таҳкими меъмории байналмилалӣ ва минтақавӣ, амният ва назорат ба яроқу аслиҳа, яроқпартоӣ ва паҳн накардани яроқи ядроӣ дар назар аст. Инчунин, Изҳороти котибони шӯроҳои амният бо маҳкум кардани кӯшишхои тавсифи миллатгароӣ, тарғиби экстремизм, шовинизм ва ҳамаи шаклхои ксенофобия қабул мешавад.
Ба ғайр аз ин, интизор меравад, ки қарори Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти СААД «Дар бораи ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ оид ба амнияти биологӣ» қабул карда шавад.
Мирсаид САТТОРИЁН,
«Овози тоҷик»