Ба иттилои манбаъ, дирӯз меҳмонон пайкараи асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва муҷассамаи шоир ва мутафаккири форсу тоҷик Абулқосим Фирдавсиро зиёрат карданд.
Раҳбарони Иттиҳодияи рӯзноманигорони Ӯзбекистон ва шабакаҳои телевизиону радиои Тоҷикистон, сардабирони нашрияҳои марказӣ, намояндагони Хадамоти иттилоотӣ дар пояи муҷассамаи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абулқосим Фирдавсӣ гулчанбар гузошта, ба хотираи онҳо эҳтиром баён намуданд.
Сипас, меҳмонон аз майдони Регистон низ дидан карда, ба самти навбатӣ — минтақаи озоди иқтисодии “Ургут” роҳ пеш гирифтанд. Намояндагони ҳайат бо фаъолияти корхонаҳои дар минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолиятдошта шинос шуда, бо соҳибкорон суҳбат намуданд.
Дар охири сафар аъзоёни ҳайати журналистони Тоҷикистон иброз доштанд, ки сафари ба Ӯзбекистон намудаи онҳо мутаассиру хотирмон гузашт ва онҳо ба ҳама гуна ҳамкориҳои муфиди тарафайн омодаанд.