Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Меҳриҷамал Маммедова масъалаҳои таҳким ва густариши минбаъдаи уфуқҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи фарҳанг ва санъат баррасӣ намуданд. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо оид ба дурнамои ҳамкориҳо дар самти табодули фарҳангии доираҳои илмию эҷодии ду кишвар, баргузории дарсҳои маҳорат барои донишҷӯёни дар донишгоҳҳои соҳавӣ таҳсилкунанда, сафарҳои дастаҳои эҷодӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар ин замина имкони таҳкими ҳуқуқии ҳамкориҳо миёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва Донишкадаи давлатии фарҳанги Туркманистон, инчунин Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ва Академияи давлатии санъати тасвирии Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот инчунин, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода ва Вазири фарҳанги Туркманистон Атагелдӣ Шамурадов низ ширкат доштанд.