
Имрӯз, 30 ноябр дар Токио, дар Дафтари марказии Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Япония мулоқоти Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо Раиси Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Япония ҷаноби Ҳаяши Нобимитсу баргузор гардид. Дар ин бора ба радиои «Овози тоҷик» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония хабар доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҳамкориҳои байналмилалии Япония баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо таваҷҷӯҳи худро ба баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодӣ, инкишофи бозори молиявӣ ва ҷалби маблағҳои имтиёзнок барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар зоҳир намуданд.