![Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Туркманистон баргузор шуд](https://vot.tj/tj/wp-content/uploads/2022/12/316826634_593601579434155_1096945148294741569_n.jpg)
Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон 24-25-уми ноябр дар кинотеатри бошукӯҳи Ашқобод намоиши филмҳои ҳунарии истеҳсоли Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» баргузор шуд.
Бино ба иттилои Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар он филмҳои «Рақси зиндагӣ» (коргардон Муҳаббат Сатторӣ) ва «Охирин сайди Сайёд» (коргардон Муҳаммадабӣ Исмоилов) намоиш дода шуданд.
Дар намоиши филмҳои мазкур садҳо нафар коршиносон, алоқамандони соҳаи синамо, аз ҷумлаи ҳунармандони театр ва кино, коргардонҳо ва сокинони шаҳри Ашқобод иштирок намуда, дар анҷоми ҳар як намоиш бо таасуроти зиёд ба ҳунари таҳиягарони тоҷик баҳои баланд доданд.
Маврид ба зикр аст, ки Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон аз 21 ноябр то 27 ноябр доир гардид. Дар он инчунин аксу мусаввараҳои рассомону аксбардорони тоҷик, намунаи ҳунарҳои дастии тоҷикон ва намоиши сару либоси миллӣ ба намоиш гузошта шуд.
Дар шаҳри Марии Туркманистон бо барномаи рангини муштараки ҳунармандони тоҷику туркман Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон анҷом пазируфт.